Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ баргузор шуд


17 октябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Рустами Эмомалӣ баргузор гардид ва 52 масъала баррасӣ шуд.
17 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 52 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шӯро Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират», ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд, инчунин як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, оила ва шаҳрсозии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идома дигар қонунҳо вобаста ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд. Ҳамчунин пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва номгузории он баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон