Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъорро нисбат ба сомонӣ эълон кард. Тибқи ин иттилоъ, 1 доллари ИМА 9.2136 сомонӣ, 1 евро 10.3181 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0.1135 сомонӣ муқаррар шудааст.
Душанбе, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ, асъори миллии Тоҷикистон, чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА 9.2136 сомонӣ; 1 евро 10.3181 сомонӣ; 1 рубли русӣ 0.1135 сомонӣ. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассисаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ; 1 евро аз 10.1500 то 10.3181 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1135 сомонӣ. Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки анҷом додани амалиёти мубодилавӣ берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»