Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода дод.
Иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, барои фароҳам овардани шароити муосир ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.
Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Лифти замонавӣ насб шуда, инфрасохтори муҳандисӣ низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.
Бунёди иншоот моҳи April 2023 оғоз гардида, дар раванди сохтмон 40 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд. Саҳни бино сабзкорӣ шуда, суҳбаткада ва майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»