Дар доираи «TAJ-TECH 2026» дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндаи як ширкати хориҷӣ баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026», ки 29 September 2026 дар Душанбе оғоз гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо директори ширкати «Бейонд Инвестментс Груп» Леандро Словински мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки ин мулоқот метавонад барои густариши робитаҳо ва муайян кардани самтҳои ҳамкории минбаъда замина гузорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»