Меҳмонони Фестивали миллии кинои «Тоҷи Сомон» бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон шинос карда мешаванд


Дар доираи Фестивали миллии кинои «Тоҷи Сомон» дар Душанбе меҳмонон бо ҷозибаҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Хабаргузории Ховар бо истинод ба «Тоҷикфилм» навиштааст, ки меҳмонони сеюмин Фестивали миллии кинои «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри 2026 дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии санъати асил» баргузор мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ онҳо бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон шинос карда мешаванд.
Тибқи ин хабар, меҳмонон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии Норак, Турсунзода ва Ҳисор сафар мекунанд ва табиати нотакрори ин минтақаҳоро мебинанд. Ҳамзамон дар Душанбе онҳо бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир, имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои давраи истиқлолияти Тоҷикистон шинос мешаванд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»