Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи равғани ҶДММ «Анқо-инвест»-ро ба истифода доданд.
Ин коргоҳи нав бо ҳадафи рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд шудааст. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори рӯзонаи он то 200 тонна ашёи хом ва иқтидори солонааш то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳ 3 хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият мекунад ва равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва банду басти маҳсулоти тайёр дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом меёбанд. Дар маҷмӯъ, ин коргоҳ 5 хатти истеҳсолӣ дорад ва бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ фаъолият мекунад.
Маҳсулоти асосӣ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад. Он бо номи «Равғани Анқо-инвест» дар зарфҳои 1, 2, 3 ва 5-литрӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Тибқи хабар, беш аз 20 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд ва дар сурати истифодаи пурраи иқтидор, коргоҳ метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилиро ба равғани растанӣ таъмин намояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»