Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо сафири Ҳиндустон дар Душанбе масъалаҳои пешгирӣ, рафъи оқибатҳо, омӯзиши кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ шуданд.
ДУШАНБЕ, 2026-09-12 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо густариши робитаҳо дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани омодагӣ ва иқтидори сохторҳои соҳавиро муҳим арзёбӣ карданд. Ба рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили низоми мубодилаи фаврии маълумот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири идоракунӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Ҳамчунин имконоти табодули таҷриба, ташкили барномаҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин густариши робитаҳои касбӣ байни сохторҳои дахлдори ду давлат баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»