Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Гурӯҳе аз олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар конфронси байналмилалии илмӣ-назарӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ иштирок доштанд, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид карданд.
22-09-2026 дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ гурӯҳе аз олимону муҳаққиқони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Меҳмонон дар толорҳои намоишии осорхона бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд. Ба иштирокчиён инчунин оид ба таърихи ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон, тамаддунҳои бостонии Тоҷикистон ва нақши мероси илмию адабии даврони Сомониён маълумот дода шуд.
Ҳамзамон меҳмонон намоиши нави осорхонаро таҳти унвони «Модарнома» тамошо карданд ва ба маводи марбут ба давраи Сомониён ва мероси фарҳангии замони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»