Дар Душанбе, 22.10.2026, Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои ду лоиҳа ба маблағи умумии 63.84 миллион доллар ва бо JICA барои як лоиҳа ба маблағи 20.6 миллион доллар созишномаҳои грантӣ имзо кард.
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба ду лоиҳа — «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» ва «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» дар маҷмуъ ба маблағи 63.84 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд. Созишномаҳоро 21 октябр дар шаҳри Душанбе Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото имзо намуданд. Маблағи лоиҳаи аввал 20.57 миллион доллар ва лоиҳаи дуюм 43.27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳ барои низоми магистралии энергетикии шаҳри Душанбе» ба маблағи 20.6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе тавассути сохтмони зеристгоҳи нави интиқоли барқи 220 кВ мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»