16 сентябри 2026 дар шаҳри Абузабӣ сафири Тоҷикистон дар АМА бо директори генералии Фонди рушди Абузабӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ гуфтугӯ кард.
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри 2026 дар шаҳри Абузабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ Муҳаммад Сайф Аc-Сувайдӣ мулоқот намуд.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат, савдо, инфрасохтор ва энергетикаро баррасӣ карданд. Ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши рушди устувор муҳим арзёбӣ шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»