«Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд


Дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз аввали моҳи май то 10 сентябри 2026 687 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 1200 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок карданд. Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз аввали моҳи май то 10 сентябри 2026 идома дошт.
Дар ин давра 687 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 1200 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат намуданд. Аз ин шумора беш аз 200 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Даври якуми озмун то охири моҳи сентябр идома меёбад ва даври ҷамъбастӣ моҳи октябри 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»