СайёҳӣМанбаи тоҷикӣ
Дар 9 моҳ беш аз 41 000 сайёҳ аз Панҷакент боздид карданд
Санаи нашр:
Дар 9 моҳи соли равон 41,3 ҳазор сайёҳ аз 160 кишвари хориҷӣ аз ёдгориҳо ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент дидан кардаанд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, дар 9 моҳи соли равон 41,3 ҳазор сайёҳ аз 160 давлати хориҷӣ аз маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳр боздид намуданд.
Панҷакент бо Саразми 5500-сола, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд ва беш аз 300 ёдгории дигар маъруф аст. Ҳафткӯл, пойгоҳҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои бунёдшуда низ аз ҷозибаҳои асосии ин мавзеъ ба шумор мераванд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»