Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Воситаҳои ахбори Миср ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр карданд


Ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, се воситаи маъруфи ахбори Миср мусоҳибаи Парвиз Мирзозода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Мисрро, нашр карданд.
Дар мусоҳиба роҳе, ки Тоҷикистон дар 35 соли истиқлол тай кардааст, дастовардҳо ва муваффақиятҳои муҳими кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Ҳамчунин дар суҳбат ба нақшаҳо ва барномаҳои рушди кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ишора гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»