Намояндагони ҳайати Тоҷикистон бо Департаменти ҳамкории техникии МАГАТЭ мулоқот карданд


Дар ҳошияи иҷлоси 70-уми Конфронси умумии МАГАТЭ дар Вена, намояндагони Тоҷикистон бо Департаменти ҳамкории техникии ин созмон мулоқот намуда, густариши ҳамкории техникӣ баррасӣ шуд.
Дар маркази байналмилалии Вена мулоқоти кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти ҳамкории техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузор шуд. Ин вохӯрӣ дар доираи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори иҷлоси 70-уми Конфронси умумии МАГАТЭ баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МАГАТЭ, раванди иҷрои лоиҳаҳои амалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкориро барои давраҳои минбаъдаи барномавӣ баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»