Қисми Тоҷикистон дар Осорхонаи мероси Покистон бо осори нави фарҳангиву таърихӣ ғанӣ шуд


Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бахши Тоҷикистонро дар Осорхонаи мероси Исломобод бо лавҳаҳо ва маълумоти нав пурра кард.
12-09-2026 Gregorian. Қисми бахшида ба Тоҷикистон дар Осорхонаи мероси Покистон, ки дар маҷмааи фарҳангии «Лок Вирса» дар Исломобод ҷойгир аст, бо осори нави фарҳангиву таърихӣ пурра карда шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон хабар доданд, бо мақсади ғанӣ гардондани муҳтавои экспозитсияи тоҷикӣ намояндагии дипломатӣ лавҳаҳои иттилоотиро бо тасвирҳо ва маълумоти таърихиву фарҳангӣ насб кардааст. Аз ҷумла, лавҳаҳо ба «Манифести Куруш» ва «Ганҷинаи бошукӯҳи Амударё» (ганҷинаи Оксус) бахшида шудаанд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»