Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллӣ «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ ва форуми байналмилалӣ доир шуд. Дар он масъалаҳои ҳамкории синамоӣ, истеҳсоли муштарак ва омода кардани мутахассисони ҷавон баррасӣ гардиданд.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ ва Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» баргузор гардид. Ба иттилоъи хабарнигори АМИТ «Ховар», барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филм, ки дар солҳои 2024-2026 таҳия шудаанд, пешниҳод гардид. Комиссияи интихоби филмҳо 7 филми бадеии пурра, 6 филми бадеии кӯтоҳ, 14 филми мустанад, 6 филми аниматсионӣ ва 5 филми бо зеҳни сунъӣ сохташударо интихоб намуд. Дар маросими ҷамъбастӣ, ки 19 октябр соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад, 18 ҷоиза дар номинатсияҳои гуногун тақдим мегардад. Гуфта шуд, ки дар синамоҷоиза беш аз 60 намоянда аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Фаронса иштирок мекунанд. Пас аз нишасти матбуотӣ форум бо иштироки намояндагони муассисаҳои синамоӣ, коргардонҳо, продюсерҳо, филмноманависон, ҳунармандон, киношиносон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии соҳавӣ баргузор шуда, масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ, истеҳсоли муштараки филмҳо, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»