29 октябри 2026 дар вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст гардид. Ҷойҳои аввал то сеюм ба чанд ҷуфт аз ноҳияву шаҳри ин вилоят дода шуд.
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷойи якум ба Маҳмад Шарипов ва Фаришта Содиқова аз ноҳияи Муъминобод дода шуд. Ҷойи дуюм насиби Ёқуб Каримов ва Ҳафизамоҳ Хизирова аз шаҳри Кӯлоб ва Маҳмадулло Абдуллоев ва Оламбӣ Абдулоева аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид. Ҷойи сеюмро Баҳодур Сафарзода ва Ибодат Убайдова аз ноҳияи Темурмалик, Бозорбой Шарипов ва Тухтабӣ Шарипова аз ноҳияи Дӯстӣ, инчунин Ҷӯрабой Бобоев ва Мусаллама Маҳмудова аз ноҳияи Носири Хусрав ишғол намуданд.
Иброз гардид, ки озмун дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида шуд ва ҳадафаш таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва тарғиби фарҳанги оиладорӣ арзёбӣ шуд. Ба таъкиди хабар, оила дар тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»