Дар Душанбе ба ифтихори 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» бахшида шуд. Иштирокчиён дар бораи нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа андешаронӣ карданд. Дар суханронӣ таъкид шуд, ки эҳтиром ба озодии виҷдон, риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳамзистии осоишта ва суботи ҷомеа муҳим аст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки тарғиби меъёрҳои конститутсионӣ, бахусус миёни наврасону ҷавонон, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми назаррас дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»