Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд


Дар ҳошияи Форумии чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷаласае доир шуд, ки ба амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун пояи рушди устувори минтақа бахшида шуда буд.
Дар шаҳри Душанбе, дар доираи Форумии чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ», ҷаласаи канорӣ дар мавзуи «Амнияти об, иқлим ва муҳити зист ҳамчун асоси рушди устувори минтақа» баргузор гардид.
Дар ҷаласа амнияти обӣ, иқлим ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун пояи рушди устувори дарозмуддати тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши камобӣ, чангу ғубор ва тӯфонҳои регӣ, инчунин дигар таҳдидҳои экологӣ хусусияти фаромарзӣ доранд ва ҳамоҳангии васеъро талаб мекунанд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш ва амиқсозии ҳамкории минтақавӣ аҳамияти доимӣ медиҳад. Дар анҷом хабар дода шуд, ки «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»