Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду созишномаро барои рушди ҳамкорӣ бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ кард. Яке аз онҳо қарзи 200 млн доллари ИМА ва дигаре шароити фаъолият ва ҳузури фондро дар Тоҷикистон муайян мекунад.
Душанбе, 2026-10-08 / АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду созишномаро, ки ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии субот ва рушд равона шудаанд, тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз худи фонд хабар доданд.
Яке аз созишномаҳо пешниҳоди маблағгузории устуворсозиро аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарз ба маблағи 200 млн доллари ИМА пешбинӣ мекунад. Созишномаи дуюм шартҳои будубош ва фаъолияти Фонди авруосиёии субот ва рушд дар Тоҷикистонро муайян намуда, заминаи ҳуқуқиро барои кори фонд дар кишвар фароҳам меорад.
Санад дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори идоракунандаи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Мандрон Ярослав ба имзо расонида шуд. Созишномаҳо дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»