Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон


25 September 2026 Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шахсиятҳои маъруф ва шаҳидон эҳтиром гузошт ва бо мақомоти ин кишвар мулоқот анҷом дод.
25 September 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва ҳамсари ӯ Зарифа Алиева, инчунин дар назди Гулхани ҷовидони шаҳидон гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд. Дар суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуда, зарурати густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғаффарова мулоқот кард. Ҷонибҳо ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон