Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ мардуми Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиро табрик гуфт ва ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва давлатдории миллӣ таъкид намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ забони тоҷикӣ ва форсиро ганҷинаи бебаҳои таърих ва тамаддун ва яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории давлату миллат арзёбӣ кардааст.
Дар паём нақши таърихии забон дар муттаҳидсозии ҷомеа, интиқоли мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ таъкид шуда, аз иқдомҳои давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои пуштибонӣ аз забони давлатӣ, аз ҷумла қабули қонун ва барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030 ёдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин зарурати ҳифзи забон дар шароити нав, ғанӣ гардондани низоми истилоҳсозӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар интернет ва таваҷҷуҳи бештар ба омӯзишу эҳтироми забони модарӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон таъкид мегардад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»