Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов


8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар суҳбат рушди муносибатҳои ду кишвар ва густариши ҳамкорӣ дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати Тоҷикистон барои даъват ва истиқболи гарм ба Президенти Туркманистон изҳори сипос намуданд ва рушди устувори муносибатҳои ду давлатро таъкид карданд.
Сарони ду кишвар омодагии худро барои пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ баён карданд. Дар мулоқот масъалаҳои муколамаи сиёсӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ, энергетика ва маводи сӯзишворӣ, инчунин робитаҳои фарҳангию башарӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»