Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид шуданд


Як қатор ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои дорои арзиши таърихию табиии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд.
ДУШАНБЕ, 17-09-2026 /АМИТ «Ховар»/. Якчанд ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои дорои арзиши таърихию табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Ба иттилои Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, ба ин рӯйхат петроглифҳои мавзеъҳои Лангар, Даршайр, Шахта, Найзатош ва Бахмалҷилға дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дохил шудаанд. Ҳамчунин мавзеъҳои қадимии таърихию табиии Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»