Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2026» оғоз шуда, 6 226 нусха китоб аз 40 номгӯй ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон дода мешавад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2026» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар саросари кишвар оғоз гардид. Дар доираи ин иқдом ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 6 226 нусха китоб аз 40 номгӯй, аз ҷумла осори адибони классикӣ ва муосир, адабиёти илмӣ, бадеӣ ва бачагона, ройгон тақдим мешавад.
Ин иқдом аз 2026-10-26 то 2026-11-06 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон амалӣ мегардад. Ба хабар, он бар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026-2030» роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» аз соли 2007 инҷониб баргузор мешавад ва ҳадафи он ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаҳои дурдаст, ба таври ройгон дастрас намудани китобҳои тозанашр мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»