Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон барои иштирок дар нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе расид ва дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол шуд.
Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, ба хотири иштирок дар нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шуд. Ӯ лаҳзаҳои пеш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид ва ҳангоми вуруд Ҳоким Холиқзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, аз ӯ истиқбол гирифт.
Ориф дар ҷараёни ин сафари дурӯза, ғайр аз иштирок дар нишаст, бо сарвазирони чанде аз кишварҳои иштироккунанда низ мулоқот ва гуфтугӯ хоҳад кард. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, истифода аз имкониятҳои нақлиёт ва логистика, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои пешрафта ва зеҳни сунъӣ, ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аз муҳимтарин самтҳои таъкидшудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст гуфта шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»