Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-августи соли равон ба 1690,7 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20,7 фоиз кам мебошад.
ДУШАНБЕ, 2026-10-18 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-августи соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1690,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20,7 фоиз кам мебошад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Истеҳсоли асал дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30,7 тонна, вилояти Хатлон 532,5 тонна, вилояти Суғд 493,0 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 633,7 тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, соли 2025 ҳосили шаҳди занбӯрон барои истеҳсоли асал хеле кам буд. Занбӯрпарварон иброз намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва хокбориш боиси тез хазон шудани гулҳо гардида, ҳосил нисбат ба соли 2024 то 20 фоиз кам шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»