17 октябри 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар пойтахт Ҷашни Меҳргон бо чанд намоишгоҳу фестивали кишоварзӣ ва фарҳангӣ баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 октябр, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Ҷашни Меҳргон, яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси ниёгон, таҷлил мегардад. Он ҳамзамон бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ, инчунин Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур баргузор мешавад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои ҷашнӣ аз соати 09:00 оғоз меёбанд. Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ маҳсулоти тозаи кишоварзии худро бо нархҳои дастрас пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфа ва ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»