Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Санаи нашр:
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Дар оғози суҳбат Президенти Узбекистон аввал занг зада, Пешвои миллатро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфтанд.
Дар идома, сарони ду кишвар вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии некро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ карданд ва аз идомаи талошҳои муштарак барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамчунин зимни суҳбат оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»