22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси дабири кулл ва роҳбари UNAMA мулоқот кард.
22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фотима Рабоб, намояндаи махсуси дабири кулл ва роҳбари Ҳайати мусоидати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA), мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва ҷанбаҳои муҳими раванди иҷрои ваколати UNAMA баррасӣ шуданд. Фотима Рабоб оид ба афзалиятҳо ва нақшаҳои минбаъдаи ин ҳайат маълумот дод.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи мунтазам оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тасдиқ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»