ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
«Made in Tajikistan» дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» муаррифӣ шуд

Санаи нашр:

Дар Душанбе, ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор гардид.
Ба иттилои Ховар, 14.10.2026 дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз ёфт ва дар ҳошияи он намоишгоҳи молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои саноатии кишвар ташкил шуд. Дар намоишгоҳ истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулот, хизматрасониҳо ва технологияҳои худро ба намоиш гузошта, онҳоро ба сармоягузорони хориҷӣ ва доираҳои тиҷоратӣ муаррифӣ намуданд. Инчунин, дар доираи форум мулоқотҳои B2B ва имзои санадҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»