«Илм чароғи маърифат аст»: даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ 19 октябр оғоз мешавад


Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм чароғи маърифат аст» аз 19 то 28 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба ин марҳила 700 довталаб роҳ ёфтаанд.
ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм чароғи маърифат аст» аз 19 то 28 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар доданд дар хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯи натиҷаҳои даври сеюм барои иштирок дар даври чорум 700 довталаб роҳ дода шудаанд. Аз онҳо 244 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна, 223 нафар хонандагони муассисаҳои навъҳои нав, 184 нафар донишҷӯён ва 49 нафар намояндагони касбҳои гуногун мебошанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»