Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» баргузор шуд


27 октябри 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.
Ба иттилои «Ховар», ҳамоиш 27 октябри 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Он ба арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси адабию ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, омӯзиши амиқи афкори фалсафию ахлоқии ӯ ва баррасии ҷойгоҳи таълимоти ин мутафаккири бузург дар ҷомеаи муосир бахшида шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо шоири як давру замон ё намояндаи як ҳавзаи фарҳангӣ, балки мутафаккири бузурги умумибашарист, ки андешаҳои ӯ аз марзу ҳудуди ҷуғрофӣ, забонӣ ва замонӣ фаротар рафтаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»