Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» дар Чин иштирок дорад


Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Хайриддин Усмонзода дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» дар шаҳри Тайчжоуи музофоти Чжэтзян иштирок мекунад.
28 октябр 2026 Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» дар шаҳри Тайчжоуи музофоти Чжэтзян Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз ёфт ва то 29 октябр идома меёбад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок дорад.
Зимни форум Хайриддин Усмонзода оид ба таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва аҳамияти муколамаи байни тамаддунҳо андешаронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Чин дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, технологияҳои муосир ва робитаҳои илмӣ ва таълимӣ барои рушди Тоҷикистон муҳим аст.
Дар доираи форум ӯ бо президенти Корпоратсияи байналмилалии пахши Чин (CICG) Чжан Бо мулоқот намуд. Ҷонибҳо иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистонро, ки моҳи майи 2026 дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ба имзо расида буд, баррасӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»