Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд


Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфияти инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Имрӯз зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар кишвар, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфияти инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд шуда, ба тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Корея бартарӣ дода шавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»