Дар Тоҷикистон форуми чаҳоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд


29 октябри 2026 дар бинои Парлумони Тоҷикистон форуми чаҳоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти қонунгузории минтақа баргузор гардид.
29 октябри 2026 дар бинои Парлумони Тоҷикистон форуми чаҳоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Нишаст таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Барои иштирок дар форум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Тансила Нарбаева, раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Айбек Дадебай, раиси Қурултойи Ҷумҳурии Қазоқистон, Дунёгозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон ва Медербек Алиев, муовини якуми раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳайатҳои расмӣ ташриф оварданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»