Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ барои муайян намудани сабабу оқибатҳо ва андешидани чораҳои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ таъсис ёфт.
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани сабабу оқибатҳо ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Дар ҷаласаи гурӯҳ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таъкид гардид, ки суръати зиёдатӣ, малакаи нокифояи идоракунӣ ва ҳолати техникии воситаи нақлиёт аз омилҳои асосии садамаҳо дар шароити кӯҳсор мебошанд. Инчунин зикр шуд, ки қисми зиёди мошинҳои боркаши воридотӣ, ки дар сохтмони иншооти калон истифода мешаванд, бо системаи боздоштани ёрирасон (ретардер) ва қуттии интиқоли автоматӣ муҷаҳҳаз нестанд.
Вазорати нақлиёт гуфт, ки мониторинг, санҷиш ва арзёбии техникии мошинҳои боркаши воридотӣ бо ҷалби мақомоти дахлдор идома меёбад ва натиҷаи ниҳоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»