Дар Ню-Йорк Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ оид ба муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, иқтисод ва тиҷорат ва вазъи сиёсию амниятии минтақа гуфтугӯ карданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, иқтисод ва тиҷорат, инчунин вазъи сиёсию амниятии минтақа табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бар пояи дӯстӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила рушд ёфта, ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба манфиатдоранд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»