Дар Сеул миёни «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд


Дар Сеул миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) созишномаи ҳамкорӣ имзо гардид.
Душанбе, 2026-09-15 /НИАТ «Ховар»/. Дар Сеул миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дода мешавад, ин санад дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор GICC 2026 дар шаҳри Сеул имзо шудааст.
Мувофиқи санад, ниҳодҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан густариш медиҳанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»