Дар Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор шуд


Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Масқат бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳӣ ташкил гардид.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон, намоишгоҳ бо иштироки ҳайати Ҳукумати Умон таҳти роҳбарии доктор Сауд ибни Ҳамуд ибни Аҳмад Ал-Ҳабсӣ, вазири кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва захираҳои оби ин кишвар, дар якҷоягӣ бо Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Умон, расман ифтитоҳ ёфт.
Дар намоишгоҳ меҳмонон бо намунаҳои фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, нок, хурмо, шафтолу, лимӯ ва дигар тармеваҳо, ҳамчунин хушкмева, навъҳои гуногуни кулчаву нонҳои миллӣ, либосҳои суннатии тоҷикӣ ва намунаҳои санъати тасвирӣ шинос шуданд. Китобҳо, маҷаллаҳо ва маводи иттилоотию сайёҳӣ оид ба Тоҷикистон, инчунин китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муаррифӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Сафорат, намоишгоҳ таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ҷалб кард ва барои ошноӣ бо таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин гуна чорабиниҳо ба муаррифии Тоҷикистон ва густариши робитаҳои фарҳангӣ, башардӯстона, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»