Дар Бангкок вазири молияи Тоҷикистон бо ноиби президенти минтақавии тозатаъйини IFC масъалаҳои густариши фаъолият, ҷалби сармояи хусусӣ ва дастрасии беҳтари корхонаҳо ба маблағгузории дарозмуддатро баррасӣ кард.
Дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд, дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Имод Фахурӣ, ноиби президенти минтақавии навтаъйини Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои густариши фаъолияти корпоратсия дар Тоҷикистон, ҷалби сармояи хусусӣ ва беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои ватанӣ ба маблағгузории дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи инфрасохтори фурудгоҳҳо, тавсеаи маблағгузорӣ бо асъори миллӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо сохторҳои бонкӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна зоҳир гардид.
Ҳамчунин имконоти ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетикаи барқароршаванда, инфрасохтори рақамӣ, логистика ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»