Сафири Тоҷикистон дар Миср бо фаъолияти Деҳкадаи ҳушманди Миср шинос шуда, бо раиси Silicon Waha оид ба густариши ҳамкорӣ дар технологияи рақамӣ мулоқот кард.
20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо фаъолияти Деҳкадаи ҳушманди Миср (Egypt Smart Village) шинос шуда, бо раиси ширкати Silicon Waha Одил Дониш, ки яке аз ширкатҳои бузург дар соҳаи технологияи рақамӣ мебошад, мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, зимни баррасии ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ густариши ин ҳамкорӣ бо танзими сафарҳои дуҷониба, шиносоӣ бо тавоноиҳои якдигар ва омӯзиши таҷрибаи беш аз 25-солаи Миср дар ин соҳа мувофиқи мақсад дониста шуд.
Сафир бо муаррифии имконият ва алоқамандии ҷиддии Тоҷикистон барои рушди технологияи рақамӣ ва имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар ин соҳа аз ширкатҳои мавҷуда дар Парки бузурги технологии Миср даъват намуд, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Одил Дониш барои иштирок дар Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе омодагӣ изҳор кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»