Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз Рашт ба Душанбе баргаштанд


12 сентябр, пас аз анҷоми сафари корӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт фаъолон ва роҳбарияти ноҳия Сарвари давлатро бо самимияти баланд гусел намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурудгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуданд. Пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»