Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазир ва коршиносони хориҷӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Усулҳои инноватсионии рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва олимону коршиносон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Чин ва Русия конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии масъалаҳои рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, истифодаи усулҳои инноватсионӣ, муайян кардани роҳҳои самараноки татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва густариши ҳамкории байналмилалӣ буд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои селексия ва тухмипарварӣ, ҳифзи растаниҳо, истифодаи самараноки замину об ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»