Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид


Дар доираи форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» дар Душанбе 23 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 3.1 миллиард доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳо имзо шуд.
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!», ки дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ 23 созишномаи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 3.1 миллиард доллари ИМА баста шуд. Ин лоиҳаҳо соҳаҳои энергетика, иҷтимоӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф ва лоиҳаҳои «сабз»-ро дар бар мегиранд.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин маълумотро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён кард. Ӯ афзуд, ки дар ин форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот намуда, саҳми онҳоро дар пешбурди ҷомеа ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»