Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
28 октябри 2026 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки 29 октябр соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун баргузор мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар», озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор гардидааст.
Дар даври сеюм 4482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст 700 ғолиб ба даври чорум роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Озмун бо таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва дар рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот нақши муҳим дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»