Вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Душанбе ҳолати ҳамкорӣ ва самтҳои афзалиятноки муштаракро баррасӣ кард.
27 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хонум Габриэлла Ивонна Акимова, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва афзалиятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдорро баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаҳои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии барвақтии кӯдакон, баланд бардоштани малакаи муаллимон ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»