Қоҳир Расулзода бо Исҳоқ Дор мулоқот намуд


19-10-2026 дар Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, бо Исҳоқ Дор, муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Покистон, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид. Густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва нақлиёту логистика аз самтҳои афзалиятнок шумурда шуд.
Ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро барои афзун кардани нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба, таҳияи барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, густариши ҳамкории нақлиётиву тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар фарҳанг, маориф, илм ва сайёҳӣ ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»