Ифтитоҳи фосилавии як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен


20 September President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon remotely commissioned 11 facilities built with the participation of state bodies and local entrepreneurs in Bobojon Gafurov and Spitamen districts.
Иншоотҳо дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитӣ бо 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 240 кӯдак, толори варзишӣ бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳ бо 30 кат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар бар мегиранд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар панҷ соли охир дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 137 фоиз таъмин шудааст. Дар ноҳияи Спитамен низ 7 иншооти дигар, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти томактабии №6, бунгоҳи тиббӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, маркази саломатӣ ва коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ ба истифода дода шуданд. Тибқи маълумоти масъулин, дар ин 11 иншоот беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки корҳои ободонию созандагӣ, васеъсозии роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, сабзкории муҳит ва бунёди инфрасохтори обу корез, барқ ва гармидиҳӣ боз ҳам тақвият ёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»