Муаррифии самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031


Дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Вазорати молияи Тоҷикистон самтҳои стратегии MCDF барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ шуданд ва имкониятҳои нави маблағгузорӣ барои Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Душанбе, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуда, дар он интихоб ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторию пайвасткунанда, ҷалби сармоя, беҳтар кардани сифати тайёрии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори касбии мутахассисон ва ҳамоҳангсозии кумакҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар чорабинӣ самтҳои стратегии MCDF барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин имконияти нави маблағгузории грантӣ барои Тоҷикистон тавассути ҳаммаблағгузорӣ бо дигар шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»